16 Сентябр 2025 - 17:41
Source: ABNA
Вокуниши Тел-Авив ба гузориши Созмони Милал: «Кумитаи таҳқиқот барҳам дода шавад!»

Вазорати хориҷаи режими саҳюнистӣ ба интишори гузорише аз сӯи Созмони Милал дар мавриди наслкушӣ дар Ғазза вокуниш нишон дод.

Ба гузориши хабаргузории ABNA ба нақл аз «Русияи Ал-Явм», вазорати хориҷаи режими саҳюнистӣ дар вокуниш ба интишори гузориши кумитаи таҳқиқоти Созмони Милал дар мавриди муртакаб шудани ҷинояти наслкушӣ дар Ғазза тавассути Тел-Авив, хоҳони барҳам хӯрдани ин кумита шуд.
Ин вазоратхона гузориши мазкурро рад карда ва иддао намуд, ки ин гузориш бар асоси додаҳои ҷунбиши Ҳамос тадвин шудааст.
Дақиқаҳое қабл, кумитаи байналмилалии таҳқиқот, вобаста ба Созмони Милал эълом кард, ки режими саҳюнистӣ муртакаби наслкушӣ дар ҳаққи фаластиниён дар навори Ғазза шудааст. Ин кумита ба сурати расмӣ аз иборати наслкушӣ истифода кард.
Дар ин гузориш омадааст, ки мақомоти саҳюнистӣ ва унсурҳои вобаста ба онҳо муртакаби панҷ феъл аз афъоли марбут ба наслкушӣ дар Ғазза шудаанд. Режими саҳюнистӣ ин равандро тайи 2 соли гузашта бо ҳадафи аз байн бурдани фаластиниён аз тариқи қаҳтӣ дар Ғазза пеш мебурд. 60 ҳазор мудрак ва далел дар ин хусус ҷамъоварӣ шудааст.

Your Comment

You are replying to: .
captcha